Май 22, 2024 12:34 Asia/Dushanbe
  • Нуриддини Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ
    Нуриддини Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ

Масъулони радио ва  телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дастур гирифтанд, ки давоми ду рӯз аз пахши суруду мусиқии шод худдорӣ намоянд.

Ба гузориши Пресса ТҶ”, Нуриддини Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд: “Ин нишонаи ҳамдардиву таслияти ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми дӯст ва ҳамфарҳанги мо дар Эрон аст”.

Ёдовар мешавем, ки 19 майи соли равон Президенти Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ бо 8 нафар ҳайати воломақоми ҳамроҳон дар натиҷаи  суқути чархбол дар устони Озарбойҷони Шарқии Эрон ба шаҳодат расиданд.

Дар робита ба ин, дар Эрон панҷ рӯз азои умумӣ эълом гардидааст. Ҳамчунин, дар намояндагиҳои Эрон дар хориҷ  парчамҳо пойин оварда шуданд.