Ҳузури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паради низомӣ ба муносибати сивуминсолгарди таъсиси неруҳои марзбонӣ
(last modified 2024-05-28T14:44:21+00:00 )
Май 28, 2024 19:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паради низомӣ ба муносибати сивуминсолгарди таъсиси неруҳои марзбонӣ
    Ҳузури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паради низомӣ ба муносибати сивуминсолгарди таъсиси неруҳои марзбонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паради низомӣ ки ба муносибати сивуминсолгарди таъсиси неруҳои марзбонӣ баргузор шуд, ширкат кард.

Дар таърихи 28 май дар шаҳри Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси маҷлиси миллии маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе дар паради низомӣ ба муносибати сивудувумин солгарди таъсиси неруҳои марзбонии кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.

Пеш аз оғози паради низомӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон дар паёмии сивудувуминсолгарди таъсиси ин ниҳоди муҳими неруҳои мусаллаҳро ба коркунони марзбони табрик гуфт.

Таъкид шуд ки ҳифзи марзҳои давлатӣ, тамомияти арзӣ ва ҳокимияти кишвар ба неруҳои марзбонӣ ба унвони бахши муҳиммӣ аз неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистони мустақил супурда шуда аст ва персонели низомии ин масъулияти бузург, рисолат ва вазифаи муқаддаси худро аз ибтидои таъсиси ин сохтори низомӣ то ба имруз бо ифтихор анҷом медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур назари худро дар хусуси шароит бисёр ҳассос ва муталотими минтақа ва ҷаҳон баён кард ва аз марзбонон хостан ки бо ҳушёрии бештар ҳамеша омодагии худро афзоиш дода ва ба рисолати ҳирфаи худ амал кунанд.

Вай баён кард ки марзбонони далери ватан дар оянда натанҳо дар ҳифзи марзҳои кишвар масъул, ҳамчунин дар тавсеъа ва рушди кишвари мустақили Тоҷикистон ки орзуии ҳазор солаи аҷдодии мост улгу хоҳанд буд.

Пас аз суханони Эмомалӣ Раҳмон паради низомӣ ба муносибати гиромидошти шоистаи сивуминсолгарди таъсиси неруҳои марзбонӣ баргузор шуд.