Вазири тиҷорати Тоҷикистон бо раиси Шӯрои шаҳрдории Ченгдуи Чин мулоқот кард
(last modified Wed, 29 May 2024 10:19:16 GMT )
Май 29, 2024 15:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин
    Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 28 май бо раиси Шӯрои шаҳрдории шаҳри Ченгдуи Ҷумҳурии халқи Чин дидору гуфтугӯ кард.

Завқӣ Завқизода таъкид кард, ки Чин дуюмин шарики тиҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар поёни ин дидор тарафайн омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба эълом карданд.

Ин дар ҳолест, ки соли 2023 табодули коло байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии халқии Чини беш аз 1. 5 миллиард доллар буд, ки нисбат ба соли 2022, 24. 2 дарсад афзоиш ёфтааст.