Баргузории нишасти машваратии иқтисодиву тиҷорӣ байни Ченгдуи Чин ва Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i114830
Нишасти машваратии иқтисодиву тиҷорӣ байни Ченгдуи Чин ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 31, 2024 20:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин
    Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин

Нишасти машваратии иқтисодиву тиҷорӣ байни Ченгдуи Чин ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши Палатаи Савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин нишаст раиси шаҳри Ченгду бо ҳайати аслӣ ва беш аз 40 намояндаи корофаринони шаҳри Ченгду бо намояндагони масъули шаҳри Душанбе, утоқи бозаргонӣ, намояндагони вазоратхонаҳову созмонҳои кишвар ва корофаринони дохилӣ ба табодули назар пардохтанд.

Ҳадаф аз ин нишаст, тақвияти тавсеаи ҳамкориҳои бештар, ироаи фурсатҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангии ду тараф аст.