Август 02, 2016 09:21 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон ба пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи роҳи оҳани минтақаӣ ҳанӯз посухе надодааст

Вазири нақлиёти Тоҷикистон эълом кард, давлати Туркманистон дар мавриди пешниҳоди Душанбе барои тағйири масири роҳи оҳани минтақаӣ миёни Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон ҳанӯз посухе надодааст.

Ба гузориши сайти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Шералӣ Ганҷализода тайи нишасти хабарӣ дар Душанбе таъкид кард, ин тарҳ дар соли 2014 барои баррасӣ ба ҳукумати Туркманистон ироа шуда буд, аммо то ба ҳол посухе аз Ишқобод дар ин замина дарёфт нашудааст.

Ба гуфтаи вазири нақлиёти Тоҷикистон, мақомоти давлатии Туркманистон дар посух ба пайгириҳои ҷониби Душанбе дар бораи ин мавзӯъ мегӯянд, ки ин пешниҳодот дар ҳоли баррасӣ аст.

Гуфта мешавад, миёни мақомоти Душанбе ва Ишқобод бар сари иттисоли ин роҳи оҳан дар манотиқи марзии Афғонистон ва Тоҷикистон ихтилофоте вуҷуд дорад. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки нуқтаи иттисоли роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон ба ин кишвар бояд ноҳияи марзии Шаҳритӯс бошад, ки масири он дар қаламрави Афғонистон 160 километр хоҳад буд. Аммо мақомоти давлати Туркманистон исрор доранд, ки бандари Шерхон дар устони Қундӯзи Афғонистон ва вилояти Хатлон дар Тоҷикистон ба унвони нуқтаи иттисоли ин роҳи оҳан дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон бошад, ки дар ин сурат тӯли ин роҳи оҳан дар қаламрави Афғонистон ба 500 километр хоҳад расид.

Ба ҳамин далел ҳанӯз ҳам ихтилоф миёни Тоҷикистон ва Туркманистон бар сари нуқтаи иттисоли ин роҳи оҳани минтақаӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ҳал нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки давлати Туркманистон бахши марбут ба ин кишвар аз роҳи оҳани муштарак бо Афғонистон ва Тоҷикистонро ба тӯли 88 километр то шаҳри Андхӯйи Афғонистон такмил кардааст.

Барчасп