Далели коҳиши эътимоди мардуми Тоҷикистон ба бонкҳо
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i1153-Далели_коҳиши_эътимоди_мардуми_Тоҷикистон_ба_бонкҳо
Коршиносони масоили иқтисодии Тоҷикистон бо ишора ба коҳиши эътимоди мардум ба бонкҳо, дастрасӣ надоштани мардум ба супурдаҳои бонкияшон дар ҳолатҳои зарурӣ ва низ тарс аз такрори ҳаводисе пас аз фурӯпошии Шуравӣ ва аз байн рафтани сармояҳои мардум дар бонкҳоро аз авомили ин коҳиши эътимод медонанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 02, 2016 09:58 Asia/Dushanbe
  • Далели коҳиши эътимоди мардуми Тоҷикистон ба бонкҳо

Коршиносони масоили иқтисодии Тоҷикистон бо ишора ба коҳиши эътимоди мардум ба бонкҳо, дастрасӣ надоштани мардум ба супурдаҳои бонкияшон дар ҳолатҳои зарурӣ ва низ тарс аз такрори ҳаводисе пас аз фурӯпошии Шуравӣ ва аз байн рафтани сармояҳои мардум дар бонкҳоро аз авомили ин коҳиши эътимод медонанд.

Коршиносони масоили иқтисодӣ дар Тоҷикистон иллати умдаи коҳиши эътимоди мардуми ин кишвар ба бонкҳоро нотавонии ин марокиз дар таъмин ба ҳангоми ниёзи муштариён арзёбӣ мекунанд.

Ба гузориши сайти "Тоҷ нюс", Собир Вазиров, коршиноси пажӯҳишгоҳи иқтисоди Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо ишора ба ибрози нигаронии ахири раиси Бонки миллии ин кишвар аз коҳиши эътимоди мардум ба бонкҳо гуфт, иллати ин мавзӯъ пардохт нашудани бамавқеи амонатҳои муштариён аст.

Ин коршиноси иқтисодӣ гуфт, муштариёне ки дороиҳои худро ба бонкҳо месупоранд, дар мавориди зарурӣ ба пулҳои худ дастрасӣ надоранд".

Вазиров изҳор дошт, ҷалби дубораи эътимоди мардум ба бонкҳои Тоҷикистон ниёз ба замони тӯлонӣ ва ислоҳи амалкарди ин ниҳод дорад.

Сайидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён, таҳлилгари масоили иқтисодии Тоҷикистон низ далели аслии беэътимодии мардум ба бонкҳои ин кишварро хисороти сангини молии хонаводаҳо донист ва гуфт: "Дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ супурдаҳои бонкии миллионии ин афрод аз байн рафт ва то кунун низ касе посухгӯи ин мавзӯъ набудааст".

Ин коршиноси иқтисодӣ афзуд: "Тарс аз такрори ин ҳаводис сабаб шудааст, ки фақат 20 то 25 дарсад аз дороиҳои мардум ба бонкҳо супурда шавад".

Вай  таъкид кард, ки бахши умдаи сарвати мардуми Тоҷикистон дар бозорҳо ва хонаҳои онон дар гардиш аст ва берун аз бонкҳо нигаҳдорӣ мешавад.