Тарҳи Иттиҳоди Аврупо барои сармоягузорӣ дар тавсеаи роҳҳои мувосилотии Тоҷикистон
Сухангӯии аршади Комиссияи ёсати хориҷӣ ва амниятии Аврупо, бо ишора ба аҳаммияти тавсеаи зерсохтҳои Тоҷикистон барои равнақи масири ҳамлу нақли Трансхазар, гуфт, тарҳҳои иҷроӣ дар ин минтақа бояд марокизи аслии тавлиду содироти Тоҷикистонро бо шабакаҳои ҳамлу нақли минтақаӣ пайванд диҳад.
Ба гузориши ИРНА, Питер Стано дар мусоҳиба бо хабаргузорӣ Тренд, иқдомоти муҳим барои тавсеаи роҳҳои мувосилотӣ ва ҳамлу нақл дар Тоҷикистонро баршумурд ва афзуд, мутолиаи Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди иттисолоти ҳамлу нақли пойдор байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ аҳаммияти эҷоди як маркази луҷустикӣ дар гузаргоҳи марзии Фатҳобод ва барқрасонӣ ба хтати роҳи оҳани шимолӣ (байни Хуҷанду марзи Узбекистон)-ро лозим медонад.
Вай гуфт, ин иттисол бояд шомили минтақаи иқтисодии Суғд ва бахши шимолии минтақа низ бошад то марокизи аслии тавлиду содироти Тоҷикистонро бо шабакаҳои ҳамлу нақли минтақаӣ пайванд диҳад.
Вай ҳамчунин бар аҳаммияти мушорикати Тоҷикистон дар масири ҳамлу нақли байналмилалии Трансхазар (TITR) таъкид кард ва гуфт, Трансхазар фаротар аз як масири заминии ҷойгузин барои ҳамлу нақли коло байни Осиё ва Аврупо аст ва бояд рӯйкарди шабакаӣ дошта бошад ва ниёзи кишварҳои Осиёи Марказиро барои иртиботи беҳтар бо якдигар бароварда кунад то манофеи иқтисодии пойдореро барои кулли минтақа ба ҳамроҳ дошта бошад.
Масири ҳамлу нақли байналмилалии Трансхазар мавсӯм ба каридори миёнӣ аз ҷануби шарқи Осииё ва чин оғоз мешавад ва аз Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Дарёи Хазар, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон мегузарад ва пас аз убӯр аз бештари кишварҳои аврупоӣ ба Олмон ва дарёҳои ғарби Аврупо мерасад.
Ба ақидаи коршиносон, бо таваҷҷуҳ ба ҳамлаи Русия ба Украина, таҳримҳои эъмол шуда ва дар натиҷаи инсидоди масири ҳамлу нақл аз тариқи Русия, каридори миёнӣ аҳаммияти фазояндае пайдо мекунад. Бо ин ҳол, бо вуҷӯди барномаҳои тавсеаи феълӣ ва сармоягузориҳои ҷоҳталабона, каридори миёнӣ ҳатто дар миёнмуддат ва баландмуддат наметавонад ба таври комили ҷойгузини ҳамлу нақли заминӣ аз тариқи Русия шавад, бо ин вуҷӯд, сармоягузориҳо барои тақвияти рақобат ва танаввуъбахшидан ба масирҳои ҳамлу нақл муфид ва зарурӣ ҳастанд.