Такзиби сохти пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 12 Jul 2024 14:17:29 GMT )
Июл 12, 2024 19:17 Asia/Dushanbe
  • Такзиби сохти пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон барои чандуминбор хабари нашрияи " Telegraph "-и бритониёӣ мабнӣ бар сохти пойгоҳи низомии Чин дар ҷануби шарқи ин кишварро такзиб карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин бора гуфт, “ тамоми тавофуқот байни Душанбе ва Пекин дар вебсайт мунташир шуда ва дар дастраси умум қарор дорад”.

Ба навиштаи сомонаи Спутник, вазорати умури хориҷаи Чин низ иттилооти марбӯт ба сохти таъсисот дар қаламрави Осиёи Марказиро такзиб ва таъкид кард, ки ин кишвар пойгоҳи низомӣ дар Осиё Марказӣ надорад.

Вазорати хориҷаи Чин таъкид кардааст, ки ин кишвар аз сиёсати хориҷии мустақил ва сулҳомез пайравӣ мекунад ва ҳеҷ пойгоҳи низомӣ дар Осиё Марказӣ надорад.

Лин Ҷиан, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин ахиран дар як конфронси хабарӣ, иддаои расонаҳо мабнӣ бар сохти пойгоҳи низомӣ дар хоки Тоҷикистонро такзиб кард.

Вай таъкид кард, "Ман аз вазъияте, ки шумо зикр кардед, огоҳ нестам, аммо бо итминон метавонам бигӯям, ки Чин ҳамеша сиёсати мустақил ва сулҳҷӯёнаи хориҷиро риоя мекунад ва дар Осиёи Марказӣ ҳеҷ пойгоҳи низомие надорад."

Гуфтанист, ки ахиран рӯзномаи англисии «Телеграф» матолибе мабнӣ бар сохти пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон мунташир кардааст.