Август 03, 2016 09:58 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши шадиди содироти хушкмеваи Тоҷикистон

Дар нимаи нахусти порсол беш аз 21 ҳазор тонна хушкмева аз Тоҷикистон содир шуд, ки ин мизон имсол ба 12 ҳазор тонна коҳиш ёфта ва иллати аслии ин коҳиши содирот, номусоид будани ҳавои баҳор дар шимоли Тоҷикистон-қутби тавлиди хушкмеваи ин кишвар аст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз коҳиши шадиди содироти хушкмеваи ин кишвар ба хориҷ хабар дод.

Ба иттилои сайти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар шаш моҳи нахусти имсол аз ин кишвар 12 ҳазор тонна анвои хушкмева ба хориҷ содир шуда, ки  2 миллиону 300 ҳазор доллар барои ин кишвар асъороварӣ доштааст.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар давраи мушобеҳи соли гузашта 21 ҳазору 500 тонна анвои хушкмева ба арзиши 5 миллиону 100 ҳазор доллар содир карда буд.

Коршиносон иллати умдаи коҳиши шадиди содироти хушкмеваи Тоҷикистон ба хориҷро сард будани ҳавои баҳор, боришҳои тӯлонӣ ва жола дар вилояти Суғд донистанд, ки хисороти зиёде ба боғҳои ин минтақа ворид кардааст.

Боғҳои шимоли Тоҷикистон манбаи муҳими содироти хушкмеваи ин кишвар ба хориҷ ва умдатан Русия ва Қазоқистон маҳсуб мешавад.

Коҳиши қобили мулоҳизаи мизони содироти хушкмеваи Тоҷикистон ба хориҷ хисороти зиёде ба кишоварзони ин ҷумҳурӣ ворид мекунад.

Барчасп