Январ 19, 2017 16:37 Asia/Dushanbe
  • Норизоиятии “Tсell” аз талаби ҳангуфти андоз

Мақомоти андози Тоҷикистон ширкати “Tсell”-ро ба пардохти 155 миллион сомонӣ (19 миллиону 670 ҳазор доллар) ҷарима муваззаф кардаанд, ки ин масъала сабаби норизоиятии соҳиби аслии ширкат шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Озодагон”, ширкати "Telia Sonera"-ро, ки бештари саҳмияҳои “Tсell”-ро дар ихтиёр дорад, бо интишори изҳороте талаби мақомоти андози Тоҷикистонро ғайриқонунӣ ва ғайри қобили қабул хондааст.

Дар пайи бозрасии фаъолияти “Tсell” аз моҳи майи соли 2015 то моҳи июни 2016 мақомоти андози Тоҷикистон ин ширкатро ба пардохти 155 миллион сомонӣ қарз ва ҷарима муваззаф карданд. Молики ин ширкати телефонӣ бо ибрози нигаронӣ аз ин талаби мақомоти андоз таъкид кардааст, ки даромади ин ширкат дар соли 2015 аз маблағи дархостнамудаи мақомоти тоҷик камтар аст.

Тирамоҳи соли гузашта ширкати шведии "Telia Sonera" барои фурӯши 60 дарсади саҳмияҳои худ дар ширкати “Tсell” ба Бунёди рушди иқтисоди Оғохон (AKFED) ризоят дода буд.

“Tсell”  яке аз ширкатҳои фаъол дар бозори мухобиротии Тоҷикистон аст.

 

Барчасп