Азсаргирии парвози Душанбе - Тошканд; шояд вақте дигар
Раиси ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” эълом кардааст, ки замони дақиқи азсаргирии парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд маълум нест.
Ба гузориши “Авесто”, Хайруллоҳ Раҳимов дар нишасти хабарии ахири ин ширкат дар Душанбе гуфтааст, ки парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аз ибтидои соли 2017 бояд аз сар гирифта мешуд, аммо ҳанӯз замони оғози ин парвозҳо мушаххас нашудааст.
Раҳимов дар айни ҳол таъкид кард, ки ду тараф танҳо бар сари роҳандозии як хати парвоз миёни ду кишвар тавофуқ кардаанд ва агар масъалаи раводид ҳал шавад, ширкати давлатии "Тоҷик-Эйр" метавонад ба шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Бухоро хати парвоз барқарор кунад.
Дар сурати азсаргирии иртиботи ҳавоӣ миёни ду кишвар, Тоҷикистон анҷоми парвозҳо миён Душанбе ва Тошкандро ба ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” вогузор карда, аммо то кунун ҳеҷ иқдоми амалӣ дар ин замина сурат нагирифтааст.
Вай таъкид кардааст, ки шояд ин мавзӯъ ба ҳалли масъалаи дарёфти виза барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон дар фурӯдгоҳҳои Душанбе ва Тошканд марбут бошад.
Бо ин ҳол, як манбаи огоҳ аз раванди нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон, ки хост номаш ифшо нашавад, гуфтааст, ки ҷониби Тошканд дар ин музокирот шартҳоеро матраҳ кардааст, ки мақомоти тоҷик дар ҳоли баррасии онҳо ҳастанд.
Парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аз 10 –уми майи соли 1992 ба таври якҷониба аз сӯйи давлати вақти Тошканд қатъ шуда буд.