Маҳкумияти як донишомӯз ба иттиҳоми таблиғи афкори ДИИШ дар Суғд
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои нахустин бор як хонандаи синфи 10-и ин ноҳияро ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ ба 10 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон кард.
Ба гузориши сойти "Азиа плюс", Нурулло Ашӯрзода, додраси ин додгоҳ гуфтааст, Ҳидоятуллоҳ, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба пахши наворҳо ва аксҳои таблиғотии гурӯҳи террористии ДИИШ иқдом карда буд, дар як муддати кӯтоҳ теъдоди боздидкунандагони сафҳаи шахсияш ба 1000 нафар расид. Ба гуфтаи ин мақоми додгоҳӣ, Ҳидоятуллоҳ дар иртибот ба корбарони интернет бо муаррифии сафҳаи хеш талош мекардааст, ки ҷавононро ба пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ташвиқ кунад.
Ин дар ҳолест, ки генерал Шариф Назарзода, сардори РКД дар вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ихтисос дошт, гуфта буд, дар ҳоли ҳозир 394 сокини вилояти Суғд дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ҳузур доранд. Аз ин теъдод 24 нафар аз аъзои хонаводаҳои худро, ки шомили 44 нафар аз фарзандони ноболиғашон мебошад, ҳамроҳи худ ба Сурия бардаанд. Ӯ ҳамчунин аз кушта шудани 36 сокини вилояти Суғд дар даргириҳои Сурия хабар дод.
Бар асоси гузориши мақомоти амниятии Тоҷикистон, беш аз ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд.