Муноқисаи дубора барои сохти таъсисоти зербиноии КАСА 1000
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i12797-Муноқисаи_дубора_барои_сохти_таъсисоти_зербиноии_КАСА_1000
Кишварҳо ва созмонҳои шарик дар тарҳи КАСА 1000 барои сохти таъсисоти зербиноии ин тарҳ дар қаламрави Тоҷикистон ва Покистон дубора тендер (арзонхарид) баргузор кардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 01, 2017 08:02 Asia/Dushanbe
  • Муноқисаи дубора барои сохти таъсисоти зербиноии КАСА 1000

Кишварҳо ва созмонҳои шарик дар тарҳи КАСА 1000 барои сохти таъсисоти зербиноии ин тарҳ дар қаламрави Тоҷикистон ва Покистон дубора тендер (арзонхарид) баргузор кардаанд.

Тарҳи КАСА 1000 тарҳи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон аст.

Ба гузориши сайти тарҳи КАСА 1000, мавзӯи сохти истгоҳҳои барқи баландшиддат барои интиқоли барқ аз ду неругоҳи барқи обии Сангтуда 1 ва Сангтуда 2-и Тоҷикистон ба Навшаҳри Покистон бо истифода аз қаламрави Афғонистон дубора ба муноқиса (арзонхарид) гузошта шудааст.

Тарҳи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон мавсум ба КАСА 1000 як тарҳи минтақаӣ аст, ки бозори хариду фурӯши барқ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё ба вуҷуд меоварад.

Бо иҷрои ин тарҳ дар фасли тобистон барқи изофии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мунтақил хоҳад шуд. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳ аз сол метавонанд наздик ба 5 миллиард киловатт-соат барқро аз тариқи хати КАСА 1000 ба Афғонистон ва Покистон мунтақил кунанд.

Ҳазинаи сохти ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад, беш аз як миллиард доллар баровард шудааст.