Пешбинии тағйири замони оғози соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i13063-Пешбинии_тағйири_замони_оғози_соли_таҳсилии_ҷадид_дар_Тоҷикистон
Мақомоти пажӯҳишгоҳи рушди улум дар Тоҷикистон аз эҳтимоли тағйири замони оғози соли таҳсилии ҷадид дар ин кишвар хабар додаанд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Феврал 07, 2017 10:54 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии тағйири замони оғози соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон

Мақомоти пажӯҳишгоҳи рушди улум дар Тоҷикистон аз эҳтимоли тағйири замони оғози соли таҳсилии ҷадид дар ин кишвар хабар додаанд.

Ба гузориши сайти Топ.тҷ, Шарифмурод Исрофилниё, мудири пажӯҳишгоҳи рушди улуми вобаста ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки ин вазоратхона тарҳеро барои оғози соли таҳсилӣ аз аввали моҳи август ироа карда, ки ҳамакнун дар ҳоли баррасӣ аст.

Исрофилниё афзуд, бар асоси ин тарҳ соли таҳсилӣ як моҳ пеш аз муддати маъмулӣ оғоз мешавад.

 Мудири пажӯҳишгоҳи рушди улуми Тоҷикистон гуфт, тағйири замони оғози соли таҳсилӣ ин имконро фароҳам мекунад, ки донишомӯзони соли охири мактабҳои миёна барои омодагии ширкат дар озмуни вуруд ба донишгоҳҳо замони бештаре дар ихтиёр дошта бошанд.

Ба гуфтаи Исрофилниё, зимистони сарду тӯлонӣ дар Тоҷикистон сабаб шудааст, ки рӯзҳои таътилии донишомӯзон дар бархе солҳо афзоиш ёбад, ки ин мавзӯъ бар раванди рушди таҳсили онон таъсири манфӣ мегузорад.

Дар сурати иҷрои ин тарҳ, Тоҷикистон нахустин кишвар дар қаламрави пасошӯравӣ хоҳад буд, ки замони оғози соли таҳсилии ҷадидро дар мактабҳои миёна тағйир медиҳад ва оғози соли таҳсилӣ як моҳ пештар, яъне на аз моҳи сентябр, балки аз август шурӯъ шавад.