Таъкиди фармондеҳони марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон бар ҳамкории дуҷониба
Фармондеҳони нерӯҳои марзбони Тоҷикистон ва Қирғизистон бар зарурати тақвияти ҳамкории дуҷониба, ба манзури ҷилавгирӣ аз бурузи ихтилофот таъкид карданд.
Ба гузориши сайти нерӯи марзбонии Қирғизистон, дар дидори генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Мирбек Қосимқулов, ки дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон баргузор шуд, ду тараф дар бораи авзои манотиқи марзи муштараки ду кишвар баҳсу табодули назар карданд.
Фармондеҳони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин дидор барномаи муштараки ҷилавгирӣ аз бурузи ихтилофот миёни сокинони манотиқи марзӣ дар вилоёти Суғд ва Ботканд, тақвияти ҳамкории марзбонон ва дурнамои таъмини амният дар роҳҳои иртиботии дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Баргузории мусобиқоти варзишӣ ва иҷрои барномаҳои фарҳангии муштарак дар рӯзи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз тавофуқоти ин нишаст буд.
Дар ду даҳаи музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ, танҳо бар сари аломатгузории 520 километр аз марзи 976 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон тавофуқ шудааст.
Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари истифода аз роҳҳои иртиботӣ, манобеи об ва чарогоҳҳо дар манотиқи марзӣ дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд ихтилофи назар доранд, ки монеи имзои тавофуқи ҷомеъ дар заминаи аломатгузории марзи муштараки ду кишвар шудааст.