Тағйири замони оғози соли таҳсилӣ дар Тоҷикистон, хуб ё бад?
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i13149-Тағйири_замони_оғози_соли_таҳсилӣ_дар_Тоҷикистон_хуб_ё_бад
Беҳрӯзи Саидхоҷа: Мақомоти пажуҳишгоҳи рушди улуми вобаста ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин вазоратхона тарҳеро барои оғози соли таҳсилӣ аз аввали моҳи август ироа карда, ки ҳамакнун дар ҳоли баррасӣ аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 08, 2017 20:40 Asia/Dushanbe

Беҳрӯзи Саидхоҷа: Мақомоти пажуҳишгоҳи рушди улуми вобаста ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин вазоратхона тарҳеро барои оғози соли таҳсилӣ аз аввали моҳи август ироа карда, ки ҳамакнун дар ҳоли баррасӣ аст.

Ин тасмим бо иқлими Тоҷикистон созгортар аст, аммо бархе аз мардуми Тоҷикистон аз ҷумла бархе омӯзгорон муътақиданд, тағйири оғози соли таҳсилӣ ба беҳбуди сатҳи омӯзиш мунтаҳӣ намешавад ва бояд тағийроти асосӣ дар кайфияти омӯзиш эҷод шавад.