Феврал 12, 2017 11:10 Asia/Dushanbe
  • Аз се як ҳисаи тоҷикҳо Паймони НАТО-ро таҳдид медонанд

Муссисаи Геллап эълом кардааст, ки тайи як назарсанҷӣ аз се як ҳисаи шаҳрвандони Тоҷикистон, Созмони Паймони Атлантикаи Шимоли (НАТО) -ро таҳдид барои кишвари хеш муаррифӣ кардаанд.

Ба гузориши сойти Ахбор, ба пурсиши муассисаи Геллап дар мавриди ин, ки Созмони НАТО барои кишвари шумо манбаи таҳдид аст ё, ки мудофеъ, 34 дарсад ё аз се якҳиса аз афроди ширкаткунанда гуфтаанд, ки ин созмони низомӣ таҳдид алайҳи амнияти Тоҷикистон мебошад.

Бар асоси ин гузориш, танҳо 8 дарсад аз афроди ширкаткунанда дар ин пурсиши Паймони НАТО-ро барои Тоҷикистон таҳдид намедонанд ва 20 дарсад низ муътақиданд, ки ин созмони низомӣ на таҳдид аст ва на мудофеъи ин кишвар. Ин дар ҳоле аст, ки дар миёни кишварҳои узви Созмони Паймон амнияти ҷамъӣ дар Русия 67 дарсад, Беларус 54 дарсад, Қазоқистон 31 дарсад, Қирғизистон 30 дарсад ва Арманистон 20 дарсад вуҷуди Паймони НАТО-ро барои ин ҷумҳуриҳо таҳдид унвон кардаанд.

Коршиносони низомии Паймони НАТО, боло будани мизони беэътимодӣ ба ин паймони низомии ғарбӣ, дар миёни шаҳрвандони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти ҷамъиро, натиҷаи таблиғоти шадиди манфии расонаҳои русӣ унвон мекунанд, ки Маскав дар талош аст, аз НАТО чеҳраи зишт нишон диҳад.

Бар асоси тавофуқи дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар чорчӯби барномаи мубориза бо террорзм дар Афғонистон, барои пуштибонӣ аз амалиёти Амирко ва НАТО дар ин кишвар, 6 адад ҳавопаймои ҳамлу нақли низомӣ ва 100 нерӯи артиши Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе мустақар шуданд, ки дар соли 2014 хоки Тоҷикистонро тарк карданд.