Феврал 27, 2017 14:55 Asia/Dushanbe
  • Оғози тармим ва навсозии неругоҳи Сарбанди Тоҷикистон

Тарҳи навсозии турбинаҳо ва таҷҳизоти нерӯгоҳи обии Сарбанд дар ду марҳала, анҷом хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Авесто, дар марҳалаи аввал ин тарҳ, навсозии ҷузъии турбинаҳои якум, дуввум, панҷум ва таҷдиди комили чарха сеюм ва шашум дар назар гирифта шудааст.

Дар марҳалаи дуввум, таъмир ва тармим дастгоҳҳо ва таҷҳизот дигар ин нерӯгоҳ аз ҷумла саризм сад, системаи ҳавокаш ва системаи оташнишонӣ ва дигар системаҳои нерӯгоҳи обӣ анҷом хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, навсозӣ ва тармими нерӯгоҳи Сарбанд бо кӯмаки бебозгашти Бонки Осиёии Рушд иҷроӣ мешавад, ки дар ноябри соли гузаштаи мелодӣ ихтисос ёфтааст.

Барои навсозии нерӯгоҳи Сарбанд, Бонки Осиёии Рушд- 136 миллион доллар ихтисос дода ва муддатзамони анҷоми тарҳи навсозӣ дар ду марҳала, се сол аст.

Нерӯгоҳи обии Сарбанд дар рӯдхонаи Вахш сохта шудааст ва ба силсилаи неругоҳҳои Вахш дохил мешавад.

Тавоноии се турбинаи ин неругоҳ, 45 ҳазор киловатт ва се чархаи дигари он, 35 ҳазор киловатт аст.

Иқтидори умумии дар назаргирифта шуда барои ниругоҳи Сарбанд, 240 мегаватт аст, аммо ин мизон дар солҳои ахир ба иллати кӯҳна шудани чархаҳои нерӯгоҳ ба 160 мегаватт коҳиш пайдо кардааст.

Ду турбинаи нахусти ин нерӯгоҳ, соли 1962 ва чаҳор чархаи дигари он, дар соли 1966 оғоз ба кор кард.

Нерӯгоҳи Сарбанд токунун беш аз 50 миллиард киловатт соат/барқ тавлид кардааст.

Барчасп