Эълони рӯзҳои парвоз ба Душанбе аз сӯи Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i13952
Ширкати "Узбакистон ҳаво йӯлларӣ” эълон кард, ки аз моҳи апрел ба парвозҳо дар хатти Тошканд – Душанбе – Тошканд оғоз мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 27, 2017 19:29 Asia/Dushanbe
  • Эълони рӯзҳои парвоз ба Душанбе аз сӯи Узбакистон

Ширкати "Узбакистон ҳаво йӯлларӣ” эълон кард, ки аз моҳи апрел ба парвозҳо дар хатти Тошканд – Душанбе – Тошканд оғоз мекунад.

Ба иттилои Uzdaily, ин парвозҳо ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом хоҳанд шуд.

Ширкати миллии ҳавопаймоии "Узбакистон ҳаво йӯлларӣ” рӯзи 27 феврал эълон кард, ки аз 26 март ба мавсими тобистонаи парвозҳо мегузарад ва аз моҳи апрел парвоз ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро шурӯъ мекунад.

Иртиботи ҳавоӣ байни пойтахтҳои Узбакистону Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 1992 аз сӯи Тошканд қатъ шуда буд. Дар моҳи ноябри соли 2016 мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Душанбе ба протоколе имзо карданд, ки бар асоси он, мебоист парвозҳо байни Тошканду Душанбе баъди қариб 25 сол аз моҳи январи соли 2017 аз сар гирифта мешуд.

"Сомон Эйр” рӯзи 10 феврал як парвози озмоишӣ дар хатти Душанбе – Тошканд – Душанберо анҷом дод ва эълон кард, ки аз 20 феврал ба парвозҳои мунтазам дар ин хаттсайр шурӯъ мекунад.

Аммо Узбакистон рӯзи 20 феврал ба парвози дар ин рӯз эълоншудаи "Сомон Эйр” иҷозат надод.

Аммо "Узбакистон ҳаво йӯлларӣ” бо ирсоли як номаи тунд ин шарҳи мақомоти Тоҷикистонро "нодуруст” хонд ва гуфт, "Сомон Эйр” танҳо рӯзи 19 феврал, ҳамагӣ як рӯз қабл аз парвози эълонкардааш аз Тошканд барои он иҷозат пурсидааст ва "фурсат барои гирифтани иҷозати тамоми идораҳои зидахл, аз ҷумлаи Хадамоти амнияти миллӣ ва нирӯҳои дифои зиддиҳавоии артиши Узбакистон кифоят намекард.”