Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Туркия ва сарвазири Покистон
Дар доираи иштирок дар кори Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо президенти Туркия ва сарвазири Покистон дидор кард.
Ба иттилои Ховар, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия ҷиҳати рушди муомилоти иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави беҳтарсозии нишондиҳандаҳои гардиши савдои берунии байнидавлатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсия, ҷалби доираи соҳибкорию сармоягузории ҷониби Туркия дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкории манфиатбори дуҷониба дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёти байналмилалӣ ва туризм, аз самтҳои афзалиятнок ва ояндадори робитаҳои густурдаи байнидавлатӣ арзёбӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон низ доир ба иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти барқи баланшиддати КАСА-1000, ҷалби имкониятҳои сармоягузории Покистон ба лоиҳаҳои гироэнергетикӣ, инфрасохторӣ, нақлиётӣ ва транзитии Тоҷикистон ва рушди тиҷорати байни Тоҷикистону Покистон бо истифода аз долони иқтисодии Чину Покистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.
Ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Покистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкории исломӣ баҳои баланд дода шуд.
Дар мулоқот ҳамзамон масоили иштироки фаъол дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва мусоидати бештар ба таъмини сулҳу амният дар кишвари Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.