Бонкҳои Тоҷикистон исломӣ мешаванд
Масъулони иқтисодии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, барои хуруҷ аз буҳрони бонкӣ, ки ахиран домангири ин кишвар шудааст, низоми бонкдории исломиро барқарор кунанд.
Ба иттилои Ирно, масъулони Тоҷикистон эътиқод доранд, ки исломӣ шудани низоми бонкии ин кишвар афзун бар бозгардондани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, дар ҷалби сармояи бонкҳои кишварҳои исломӣ ба Тоҷикистон низ муассир хоҳад буд .
Бар асоси тасмими масъулони Тоҷикистон дар гоми нахуст “Тоҷиксодиротбонк” вориди низоми бонкдории исломӣ хоҳад шуд .
Дар паи бурузи буҳрон барои чанд бонк дар Тоҷикистон аз ҷумла “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, муштариёни ин бонкҳо дар моҳҳои ахир барои дарёфти пасандозҳои худ пеши ин бонкҳо саф мекашиданд .
Яке аз масъулони Бонки миллии тоҷикистон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфт: Баъди бурузи буҳрон барои чаҳор бонк дар ин кишвар, эътимоди мардум ба низоми бонкдории феълӣ коста шудааст. Ин мақоми бонкӣ, ки нахоста номе аз ӯ барда шавад, тасреҳ кард: Варшикастагии ду бонки “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” таъсири ҷиддӣ бар низоми бонкӣ надошт, вале агар “Тоҷиксодиротбонк” дучори буҳрон шавад, ба низоми бонкӣ дар Тоҷикистон зарбаи шадиде ворид хоҳад шуд .
Тоҷикистон се сол қабл дар моҳи июни соли 2014 қонуни фаъолияти бонкдории исломиро тасвиб карда буд, аммо дар ин муддат ҳеч як аз бонкҳо вориди низоми бонкдории исломӣ нашудааст .
Бар асоси низоми бонкдории исломӣ, низоми фоида ва зарар ба сурати 50/50 тақсим мешавад .
Дар ин бонкҳо санаде аз муштарӣ барои тазмин гирифта намешавад .