Март 11, 2017 10:47 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши кумаки молии Олмон ба бозсозии нерӯгоҳи Мурғоб дар Тоҷикистон

Бонки рушди Олмон бо афзоиши кумаки молӣ ба бозсозии нерӯгоҳи барқӣ-обии Мурғоб дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон мувофиқат кард.

Ба иттилои сайти сафорати Олмон дар Тоҷикистон, ин тавофуқнома ахиран дар Душанбе миёни Кристин Лаабс, директори Бонки рушди Олмон, Неъматуллоҳи Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Далер Ҷумъаев, раиси Ширкати барқи Бадахшон ба имзо расид .

Ба муҷиби ин созишнома Бонки рушди Олмон илова бар 5 миллион евро, ки пеш аз ин барои бозсозии нерӯгоҳи барқӣ-обии Мурғоб дар Бадахшони Тоҷикистон ихтисос дода буд, 2 миллиону 400 ҳазор еврои дигар ба ин тарҳ кумак хоҳад кард .

Бозсозии нерӯгоҳи барқӣ-обии Мурғоб бо кумаки молии Олмон соли гузашта оғоз шуда ва қарор аст, дар соли 2018 ба поён расад .

Ноҳияи Мурғоб дар вилояти Бадахшон ва дар марзи Чин сардсертарин минтақаи Тоҷикистон ва дорои зимистоне тӯлонист .

Ин нерӯгоҳ бар асари сел дар моҳи августи соли 2015 хисорат дидааст .

Бо бозсозии ин нерӯгоҳ, заминаи таъмини барқи доимӣ барои сокинони ноҳияи Мурғоб фароҳам хоҳад шуд. Ҳамакнун дар фасли сармо аҳолии Мурғоб ба далели камбуди сӯхт даст ба тахриби ҷангалҳо мезананд .

 

Барчасп