Март 12, 2017 10:21 Asia/Dushanbe
  • Гулмурод Ҳалимов
    Гулмурод Ҳалимов

Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ муддаӣ шудааст, ки фармондеҳии нерӯҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар ғарби шаҳри Мусили Ироқ, бар ӯҳдаи Гулмурод Ҳалимов-полковники фирории тоҷикистонӣ мебошад.

Ба навиштаи сафҳаи файсбукии Андрей Серенко- коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ, баррасии наворҳои таблиғотии ахири гурӯҳи такфирии ДИИШ аз набардҳои шаҳри Мусли Ироқ нишон медиҳад, ки фармондеҳии неруҳои ин гурӯҳи террористиро- Гулмурод Ҳалимов бар ӯҳда дорад.

Вай таъкид кардааст, ки ҳанӯз дар моҳи актябри соли 2016 ба дастури саркардагони гурӯҳи террористии ДИИШ, Ҳалимов иқдом ба ташкили як воҳиди 400 нафарии вижаи тактирандозон карда буд, ки акнун дар набарди Мусил аз ин афрод истифода мешавад. Зеро Гулмурод Ҳалимов илова бар фармондеҳи неруи вижаи вазорати дохилии Тоҷикистон, давраҳои омӯзишии тактирндозии ҳирфаиро дар Амрико ва Русия фаро гирифтааст. Имрӯзҳо аносури ин воҳид дар қолаби гурӯҳҳои 4 ва 5 нафарӣ, умдатан аз силоҳҳои тактирандоз алайҳи неруҳои ироқӣ истифода мекунанд.

Ин коршиноси рус мегӯяд, ки ахиран дар ҷанги Мусил гурӯҳи террористии ДИИШ аз худравҳои интиҳорӣ камтар истифода мекунад, ки ба маънеи тамом шудани ин мошинҳо дар ин шаҳр аст. Ҳамчунин теъдоди зиёде аз худравҳои интиҳории ин гурӯҳи такфирӣ ба шаҳри Раққаи Сурия мунтақил шудаанд, то дар ҷанг алайҳи низомиёни амрикоӣ мавриди истифода қарор гирад.

Ҳалимови 41 сола-фармондеҳи пешини нерӯи вижаи вазорати дохилии Тоҷикистон, ки номи вай, дар феҳристи таҳти таъқиби мақомоти қазоии ин ҷумҳурӣ қарор гирифтааст, авохири апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири моҳи майи он сол, бо интишори як паёми видеоӣ дар шабкаи иҷтимоии Ютюб, аз пайвастани худ ба гурӯҳии террористии  ДИИШ хабар дод.

 

Барчасп