Русҳо террористҳоро дар Тоҷикистон нобуд карданд
Нерӯи ҳавоии пойгоҳи 201-и Русия дар размоишгоҳи кӯҳистонии "Ҳарби майдон"-и Тоҷикистон паноҳгоҳ ва корвонҳои террористҳои фарзиро нобуд карданд.
Ба гузориши “Спутник”, Нерӯи ҳавоии пойгоҳи 201-и Русия дар ин размоиш партоби мушакҳои ҳидоятшавнда ба аҳдофи заминӣ ва бомбаборони корвонҳо ҳангоми ҳаракат, паноҳгоҳҳо ва анбори ҷангафзорҳои гурӯҳҳои ифротиро тамрин карданд.
Гуфта мешавад, ки болгардҳои MI-8 ва Mi-24 дар ин размоиш беш аз даҳ бомба ва панҷоҳ мушак партоб карданд.
Халабонҳо ҳамчунин ҳамла ба аҳдофи фарзиро дар парвози кӯтоҳ тамрин карданд.
Пойгоҳи 201 бузургтарин нерӯи низомии Русия дар хориҷ аз марзҳои он аст.
Тибқи тавофуқномаи Маскав ва Душанбе, ин пойгоҳ то соли 2042 дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.