Паёмҳои наврӯзии Эмомалӣ Раҳмон ба сарони кишварҳо
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмҳои ҷудогона ба сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, фаро расидани ин ҷашни бостониро табрик гуфт.
Ба гузориши сайти итилоърасонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёмҳо хитоб ба раисони Ҷумҳурии исломии Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Ӯзбакистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон ва низ нахуствазири Покистону раиси давлати иҷроии Афғонистон, бо баршумурдани вижагиҳои ҷашни Наврӯз ба унвони ойини меҳру дӯстӣ, барои давлатҳову миллатҳои ҳавзаи Наврӯз орзӯи саломативу сарбаландӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём таъкид кардааст, ки пазириши Наврӯз ба унвони ҷашне байналмилалӣ, баёнгари ҷойгоҳи вижаи ин ойини бостонӣ дар миёни ақвому милали мухталиф аст, ки онро фасли тозае дар идомаи зиндагии инсонҳо медонанд.
Ҳамчунин сарони Қазоқистон, Чин, Ӯзбакистон, Туркманистон ва Қирғизистон бо ирсоли паёмҳое ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, фаро расидани ҷашни бостонии Наврӯзро ба миллату давлати ин кишвар табрик гуфтаанд.