Апрел 04, 2017 09:52 Asia/Dushanbe
  • Телиа дар пайи ёфтани роҳҳои дигаре барои муомила бо Бунёди Оқохон ва хуруҷ аз Тоҷикистон аст.
    Телиа дар пайи ёфтани роҳҳои дигаре барои муомила бо Бунёди Оқохон ва хуруҷ аз Тоҷикистон аст.

Ширкати шведии хадамоти телефони ҳамроҳи Telia эълом кардааст, ки ба иллати нокомӣ дар фурӯши саҳмияи худ ба Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон, қасд дорад ин кишварро тарк кунад.

Ба гузориши сайти ин ширкат, Эмил Нилсон, мудири ширкати хадамоти телефони ҳамроҳи Telia дар душанбе гуфтааст, ки бар асоси тавофуқе, ки дар соли 2016 баста шуд, 60 дарсад саҳҳоми ин ширкат бояд ба ширкати Tcell, мутааллиқ ба Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон фурӯхта шавад.

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон пас аз гузашти 6 моҳ аз ин тавофуқ бо ин муомила эъломи мухолифат кард ва онро беэътибор хонд.

 Бар асоси ин гузориш, ширкати телефони ҳамроҳи Телиа дар пайи ёфтани роҳҳои дигаре барои муомила бо Бунёди Оқохон ва хуруҷ аз Тоҷикистон аст.

 Пеш аз ин арзиши ин муомила 39 миллион доллар эълом шуда буд.

 Ширкати Телиа қаблан ҳам аз боло будани молиёт дар Тоҷикистон шикоят карда ва мақомоти Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон ин ширкатро ба ҷурми фирор аз пардохти молиёт 20 миллион доллар ҷарима карда буданд.

 

Барчасп