Оғози музокирот дар бораи иртиботи ҳавоӣ байни Душанбе ва Тошканд
(last modified 2017-04-06T11:27:17+00:00 )
Апрел 06, 2017 16:27 Asia/Dushanbe
  • Оғози музокирот дар бораи иртиботи ҳавоӣ байни Душанбе ва Тошканд

Тошканд имрӯз мизбони ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистону Узбекистон дар бораи барқарории иртиботи ҳавоӣ миёни ин ду кишвар аст. Ҷонибҳо мегӯянд, ки танҳо пас аз имзои созишномаи тарофики ҳавоӣ замина барои анҷоми парвозҳои муназзам миёни Тошканд ва Душанеб фароҳам хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Азияплюс субҳи имрӯз ҳайате муташаккил аз дастгоҳи раёсати ҷумҳури ва вазоратхонаҳои умури хориҷа, адлия, нақлиёт ва дигар ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми музокироти байнидавлатӣ озими Тошканд шудааст.

Музокиракунандагон дар Тошканд нусхаи ниҳоии пружаи иртиботи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин ширкатҳои ҳавоии ду кишвар бидуни вуҷуди санади танзими парвозҳои ҳавоӣ ба тартиб иқдом ба анҷоми парвоз миёни Душанбе ва Тошканд карда буданд аммо ин талошҳо билохира ба саранҷом нарасид.

Шоҳқосим Шоҳисломов-сафири Узбекистон дар Тоҷикистон низ ахиран эътироф кард, ки далели аслии ба бунбаст расидани парвози ширкатҳои ду кишвар, шитобкорӣ аз ду ҷониб барои анҷоми ин кори хайр будааст.

Сафири Узбекистон дар идома таъкид кард, ки суҳбат дар бораи шуруи парвозҳои муназзам байни пойтахтҳои ду кишвар танҳо пас аз имзои созишномаи барқарории иртиботи ҳавоӣ имконпазир аст.

Шоҳқосим Шоҳисломов ҳамчунин тайини 140 доллар қиммати билет барои хати сайри Тошканд-Душанберо гарон хонду афзуд: Ин маблағ шояд барои тоҷиру соҳибкорон чандон маблағи зиёд набошад, аммо барои мардуми оддӣ, ки ба дидори хешу табор мераванд, ин маблағи хеле зиёд аст. Мо кӯшиш мекунем, ки нархҳо арзон карда шаванд.

Гуфтанист замони оғози парвози ширкати Узбекистон ҳаво Йуларӣ ба шаҳри Душанбе барои 11 апрел дар назар гирифта шудааст.