Арзиши доллар аз 9 сомонӣ фаротар рафт
-
"Ҳар доллар ба қимати 9 сомониву 40 то 42 дирам муомила мешавад".
Бонки миллии Тоҷикистон нахустин бор дар 15 соли ахир арзиши расмии долларро беш аз ҳашт сомониву 44 дирам таъйин кард, ки ин рақам дар бозори муомилоти арзии ин кишвар ба 9 сомониву 44 дирам расидааст.
Ба гузориши сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, ин ниҳоди молӣ рӯзи 11-уми апрел арзиши долларро дар баробари сомонӣ дар бозори мубодилоти арзӣ ҳашт сомониву 44 дирам эълом кард, дар ҳоле ки ин рақам пештар 8 сомониву 39 дирам буд.
Дар рӯзҳои ахир дар бозори мубодилоти арзии Тоҷикистон арзиши доллар дар баробари сомонӣ раванде афзоишӣ доштаву муҷиби ошуфтагӣ дар бозори муомилоти дохилии ин кишвар шудааст.
Дар ҳоле ки авоили моҳи феврал як доллар дар баробари ҳафт сомониву 90 дирам то 7 сомониву 93 дирам хариду фурӯш мешуд, аммо акнун дар марокизи бонкиву молӣ ҳар доллар ба қимати 9 сомониву 40 то 42 дирам муомила мешавад.
Ба гуфтаи фаъолони бахши хусусӣ, акнун пайдо кардани доллар дар марокизи муҷози бонкиву молии Тоҷикистон коре душвор асту танҳо аз ду шӯъбаи бонкҳои хориҷӣ ба қимати болотар ва ба миқдори маҳдуд ин навъи арзро метавон харидорӣ кард.
Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон иллати афзоиши арзиши долларро тақозои зиёд барои хариди он ва коҳиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия унвон мекунанд.
Бо ин ҳол иқтисодшиносони тоҷик муътақиданд, коҳиши содироту идомаи тарози манфии тиҷорӣ дар Тоҷикистон сабаби камбуди шадиди доллар дар ин кишвар шудааст.
Давлати Тоҷикистон аз соли 2016 ба манзури ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати арзҳои хориҷӣ ва коҳиши арзиши сомонӣ, саррофиҳоро таътил ва муомилоти арзро танҳо дар марокизи бонкиву молии ин кишвар, вобаста ба Бонки миллӣ қонунӣ эълом кардааст.