Апрел 17, 2017 16:43 Asia/Dushanbe

Нахустин ярмаркаи маҳсулоти саноатии 160 корхонаҳои Узбакистон имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шуруъ кард.

Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикӣ, созмондиҳандагони аслии чорабинии мазкур Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Узбакистон ҳастанд. 

Дар ярмарка маҷмӯи васеи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти корхонаҳои мошинсозӣ, индустрияи кимиё, саноати сабук, дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маводи ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, техникаи кишоварзӣ,таҷҳизоти маишӣ, сарулибоси махсус ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шудааст.

 

Барчасп