Апрел 27, 2017 18:27 Asia/Dushanbe
  • Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 7.3 дарсад баробар шудааст

Бонки миллии Тоҷикистон мегуяд, ки дар 12 моҳи ахир сатҳи таваррум дар ин кишвар ба 7.3 дар сад баробар шудаст, ки он дар қиёс ба давраи мушобеҳи соли гузашта 1.4 дар сад зиёд аст.

Ин манба зимни шарҳи мизони тавварум дар Тоҷикистон барои моҳи марти соли ҷорӣ навиштааст, ки таваррум дар моҳи мазкур 1.5 дар садро ташкил дода, дар 12 моҳи ахир бошад  7.3 дар сад расидааст.

Ба гуфтаи коршиносони БМТ  сатҳи таварруми солона аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти ғизоӣ  ба андозаи 9 дар сад  ва  хадамоти пулакӣ  ба андозаи 6,1 дар сад  боло рафтааст.

Ин манба менависад, тибқи таҳлилҳо асосан таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум , пеш аз ҳама сабзавот ва маводи сӯзишворӣ ба амал омадааст.

Дар сохтори таварруми ғайриаслӣ афзоиши қимати сузишвории нафтӣ  вобаста ба болоравии арзиши доллар  ба амал омада, нархи хизматрасониҳо бошад, нисбат ба моҳи гузашта  бинобар қиматшавии нархи гази моеъ, хадамоти шаҳрдорӣ ва  нақлиётӣ раванди болоравӣ доштааст.

Бар асоси таҳлилҳои коршиносони БМТ  интизор меравад, ки дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ бо назардошти коҳишёбии қурби сомонӣ сатҳи таварум зиёд гардида, қимати маҳсулоти воридотӣ, бахусус маводи ғизоӣ  нисбатан зиёд мегардад.

Новобаста аз ин, БМТ таъкид мекунад, ки бо ҳадафи нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо ва ҷилавгири аз афзоши  таваррум, сиёсати қатъии пулиро амалӣ намуда, тамоми имконоти  мавҷударо баҳри нигоҳ доштани меъёри таваррум дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда равона хоҳад намуд.

Доктор Шокирҷон Ҳакимов таҳлилгари тоҷик мегуяд, ки яке аз омилҳои асосии боло рафтани сатҳи таваррум дар Тоҷикистон, коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари доллар дониста мешавад.

Бар асоси омори расмӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ ба 3.2 дар сад расидааст, дар ҳоле ки ин нишондод дар се моҳи аввали соли гузашта  2.1 дар сад будааст. 

Ин дар ҳолест, ки БМТ сатҳи солонаи таваррумро барои соли 2017 ҳафт дар сад пешбинӣ кардааст.

Аз сӯи дигар ба назар мерасад, ки тайи як ҳафтаи ахир вазъи бозори арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон нисбатан муътадил шуда, қимати доллар дар баробари сомонӣ  каме  коҳиш ёфтааст.