Май 07, 2017 13:41 Asia/Dushanbe
  • Тавсифи сафири Англия дар Душанбе аз ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон

Сафири Англия дар Тоҷикистон гуфт, манозири зебои табиат ва меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон ҳарчи бештар гардишгаронро ба худ ҷалб мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Ховар, Ҳю Филпотт, сафири Англия дар Душанбе, дар боздиди ҳайати тоҷирон ва гардишгарони англисӣ аз Тоҷикистон афзуд, мо аз афзоиши шумори гардишгарон дар Тоҷикистон ҳимоят мекунем ва хушҳолем, ки давлати Тоҷикистон ба бахши гардишгарӣ таваҷҷӯҳи вижа дорад.

Филпотт афзуд, баъзе расонаҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон ҳамчун «кишваре бо зарфияти болои гардишгарӣ ва рушди сареъи туризм дар дунё» ва «беҳтарин ҷой барои пиёдагардӣ» ёд кардаанд, аз ин рӯ, Англия ва Тоҷикистон бо ҳадафи тавсеа ва рушди бахши гардишгарӣ дар ин кишвар, ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи сафири Англия дар Душанбе, дастовардҳои Тоҷикистон дар бахши ҷаҳонгардӣ имкон медиҳад, ки гардишгарон аз гӯшаву канори дунё ба ин кишвари зебо сафар кунанд, манозири зебои табии онро бубинанд ва бо фарҳангу одоб ва русуми мардумаш бештар ошно шаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки қаблан расонаҳо ба нақл аз вазорати умури хориҷаи Англия хабарҳоеро дар бораи ин, ки Тоҷикистон барои гардишгарон «ҷое хатарнок» аст, мунташир карда буданд.

Бо ин ҳол, сафорати Англия дар Душанбе таъкид кардааст, ки ин ҳушдор ба ҳеҷ ваҷҳ мавзеи расмии давлати Англия нест.

 

Барчасп