Сафари қарибулвуқӯи ҳайати порлумонии Чин ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i17100-Сафари_қарибулвуқӯи_ҳайати_порлумонии_Чин_ба_Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз сафари ҳайати камиссиюни равобити хориҷии порлумони Чин ба ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 13, 2017 13:23 Asia/Dushanbe
  • Сафари қарибулвуқӯи ҳайати порлумонии Чин ба Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз сафари ҳайати камиссиюни равобити хориҷии порлумони Чин ба ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, намояндагони ҳайати порлумонии Чин дар сафари худ ба шаҳри Душанбе бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон ва дигар мақомоти баландпояи Тоҷикистон дидор хоҳанд кард.

Намояндагони порлумони Чин ҳамчунин дар ин сафар аз маконҳои дидании шаҳри Душанбе , нерӯгоҳи обии “Норак” ва ширкати муштараки тоҷикӣ-чинии “Ҳуаксин- Ғаюр семент” дидор мекунанд.

Ҳайати камиссиюни равобити хориҷии Шӯрои умумии порлумони Чин ба раёсати Пан Юн Ҳа, 15 то 17 – уми май вориди Тоҷикистон мешавад.