Баррасии ҳамкориҳои НАТО ва Тоҷикистон
(last modified Sat, 16 Jul 2016 07:20:53 GMT )
Июл 16, 2016 12:20 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои НАТО ва Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон дар Белгияю Иттиҳоди Урупо ва дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши хабаргузории "Азиа плюс", Эркин Раҳматуллозода ва Йенс Стонтелберг дар ин дидор дар бораи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, таҳкими марзҳои муштаракаи Тоҷикистон бо Афғонистон, мубориза бо фаъолияти гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир, ҳамкорӣ дар чорчӯби барномаи минарӯбӣ дар Тоҷикистон ва мушорикати Душанбе ба тарҳҳои НАТО ба баҳсу табодули назар кардаанд.

Стонтелберг дар ин дидор таъкид кард, НАТО бар асоси барномаи "Мушорикат барои тарҳи НАТО", ки Тоҷикистон низ узви он аст, ба ҳамкорӣ бо ин кишвар идома медиҳад. Ӯ аз омодагии НАТО барои ироаи кӯмакҳои фаннию омӯзишӣ ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хабар дод.

Йенс Стонтелберг ва Эркин Раҳматуллозода ба зарурати ҳамоҳангии дуҷониба барои мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва талошҳои муштарак барои барқарор кардани амнияту субот дар ин кишвар таъкид карданд.

Эркин Раҳматуллозода, сафири Тоҷикистон дар Белгия ва Иттиҳоди Урупо дар ин дидор эътимодномаи худро ба унвони намояндаи ин кишвар дар НАТО ба дабири кулли ин созмон супурд.