Май 18, 2017 09:57 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли ҷангандаҳои русӣ ба Тоҷикистон барои баргузории размоиши муштарак

Сухангӯи ҳавзаи низомии марказии Русия аз интиқоли теъдоде аз ҷангандаҳои “Сухой – 24”-и артиши ин кишвар ба Тоҷикистон барои ширкат дар размоиши муштараки ду кишвар, мавсум ба “Душанбе зидди террор - 2017” хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, сарҳанг Ярославл Рашупкин гуфт, размоиши муштараки низомии Русия ва Тоҷикистон тайи рӯзҳои 30-юми май то аввалт июнт солт ҷорӣ баргузор хоҳад шуд ва ҷангандаҳои “Сухой – 24” ба ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи мавозеъ, нерӯҳо, марокизи омӯзишӣ ва тадорукоти террористҳои фарзӣ иқдом хоҳанд кард.

Вай таъкид кард, ин ҷангандаҳо бо паймудани беш аз 3 ҳазор километр роҳ аз пойгоҳи ҳавоии “Шагал” дар маркази Русия, дар фурӯдгоҳи низомии “Айнӣ”, дар атрофи шаҳри Душанбе ба замин нишастаанд.

Дар размоиши муштараки низомии Русия ва Тоҷикистон равишҳои истифода аз нерӯҳои ҳавоӣ дар шароити муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи кӯҳистонӣ тамрин хоҳад шуд.

Дар размоииши қаблии муштараки низомии Русия ва Тоҷикистон дар авохири моҳи марти соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон, дар наздики марзи Афғонистон беш аз 40 ҳазор афсари захираи Тоҷикистон ва 2 ҳазор низомии руси мустақар дар пойгоҳ 201-и артиши ин кишвар дар Тоҷикистон ширкат карда буданд.

 Дар размоиши ёдшуда равишҳои барномарезии амалиётӣ, фармондеҳии воҳидҳои зарбатӣ ва ҳамоҳангиву ҳамкории нерӯҳои ҳавоии Русия ва нерӯи заминии Тоҷикистон барои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ тамрин шуда буд.