Май 29, 2017 08:36 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани роҳи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар асари селу тарма

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз баста шудани бахше аз роҳи иртиботии байналмилалӣ, миёни ин кишвар ва Қирғизистон бар асари ҷори шудани сел, тарма ва туғёни рӯдхонаи Сурхоб- дар ноҳияи Лахш хабар додаанд.

Ба гузориши сойти ТопТҷ, ин мақомот эълом кардаанд, ки дар пайи ин ҳодиса бахше аз роҳи иртиботии байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон тахриб шуда ва зери об рафтааст.

Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Лахш низ бо таъйиди ин ҳодиса, маҳалли тахриби роҳи иртиботии байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро деҳаи Сугат унвон кардаанд, ки мӯҷиби қатъи ҳаракати худравҳо ва мусофирон шудааст. Аммо нерӯҳои имдод ва наҷот дар маҳалли ҳодиса ҳузур доранд ва талош мекунанд, ки роҳи тахриб шударо бозсозӣ ва заминаи аз саргирии рафту омади васоили нақлия ва мусофирон миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро фароҳам созанд.

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзҳои 3 ва 5 моҳи майи соли ҷорӣ сокинони бархе аз рустоҳои ноҳияи Лахш, шоҳиди зилзилаи нисбатан шадид буданд, ки пасларзаҳои он чанд рӯзи дигар идома дошт. Бар асари ин ду зилзила, хонаҳои теъдоде аз рустоҳои ноҳияи Лахш ба шиддат осеб дид, ки гуфта мешавад, барои идомаи зиндагӣ муносиб нест.

Бар асари ҷори шудани сел, тарма ва туғёни рӯдхонаҳои кӯҳистонӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ 26 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

 

Барчасп