Ҳамоиши ниҳодҳои зиддитеррористии узви ИДМ дар Душанбе
Нишасти мақомоти ниҳодҳои зиддитеррористии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар Душанбе оғоз ба кор кард.
Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, дар ин нишаст масъулони хадамоти амният ва идороти зиддитеррористии кишварҳои узви ИДМ дар бораи барномаи ҳамкории муштараки ин созмонҳо барои солҳои 2017 то 2019 баҳсу табодули назар мекунанд.
Ҳамчунин дар ин нишаст натоиҷи марҳилаи нахусти размоиши зиддитеррористии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ - мавсум ба “Душанбе – зиддитеррор – 2017” баррасӣ ва тарҳи баргузории марҳилаи дувуми ин размоиш тасвиб хоҳад шуд.
Размоиши байналмилалии “Душанбе – зиддитеррор – 2017” дар ҳудуди ду майдони низомии Ҳарбмайдон ва Лоҳури Тоҷикистон дирӯз оғоз шуд ва то аввали июн идома хоҳад дошт.
Ярослав Рапушкин, сухангӯи ҳавзаи маркази низомии Русия дар ин бора гуфт, бар асоси нақшаи ин размоиш, нерӯҳои вижаи масирҳои ҳаракати корвонҳои маводи мухаддир ва қочоқи силоҳро шиносоӣ ва махфигоҳ ва анборҳои силоҳи ин гурӯҳҳоро нобуд мекунанд.
Маркази зиддитеррористии кишварҳои ИДМ бо ширкати нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварҳо ин размоишро барои аввалин бор баргузор мекунад.