Июл 02, 2017 11:13 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки молии Бонки рушди АвруОсиё барои бозсозии таҷҳизоти неругоҳи Норак

Шӯрои мудирони Бонки рушди АвруОсиё тарҳи кӯмаки молии 40 миллион долларии ин ниҳод барои бозсозии таҷҳизоти неругоҳи барқи обии Норак дар Тоҷикистонро тасвиб кард.

   Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сойти Бонки рушди АвруОсиё, ҳазинаи умумии бозсозии таҷҳизоти ин неругоҳ 300 миллион доллар баровард шудааст, ки 40 миллион доллари он саҳми молии Бонк рушди АвруОсиё хоҳад буд.

   Қаблан мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон аз музокира бо Бонки рушди исломӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки рушд ва бозсозии Аврупо, Бонки сармоягузории зербиноии Осиё ва Бонки рушди АврусОсиё барои ҷазби сармояи ин ниҳодҳо дар тарҳи бозсозии таҷҳизоти неругоҳи барқии Норак хабар дода буданд.

  Ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ин, ду турбина аз 9 турбинаи неругоҳи барқӣ обии Норакро бо қидмати беш аз 40 сол таъвиз карда, бо ин ҳол эълом шуда буд, ки барои бозсозии таҷҳизоти ин неругоҳ ба ҷазби сармоягузории хориҷӣ ниёз аст. Зеро ба далели кӯҳна ва фарсуда шудани таҷҳизоти неругоҳи барқӣ обии Норак ин марказ танҳо бо 77 дарсад аз тавони хеш фаъолият мекунад.

  Ин неругоҳ бо тавони тавлиди беш аз 3 ҳазор мегаватт/барқ бо сади 300 метрӣ, дар 110 километрии шарқи Душанбе воқеъ шудааст, ки 70 дарсад аз барқи мавриди ниёзи Тоҷикистонро таъмин мекунад.

  Садамаи рӯзи 28 октябри соли 2016 неругоҳи барқӣ обии Норак, ки мӯҷиби қатъии барқи саросарӣ дар Тоҷикистон шуд, мақомоти давлатиро бар он дошта аст, то дар бозсозии таҷҳизоти ин неругоҳ тасреъ кунанд.