Июл 06, 2017 08:56 Asia/Dushanbe
  • Ӯзбакистон бо сохти нерӯгоҳи “Роғун” мухолифат намекунад

Вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон эълом кард, кишвараш бо такмили сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар Тоҷикистон мухолиф нест.

Ба гузориши сайти “ТОП.тҷ”, Абдулазиз Комилов дар посух ба пурсиши яке аз сокинони вилояти Қашқадарёи ин кишвар дар нишасти хабарии мустақим дар Бошгоҳи матбуотии Тошканд дар мавриди мавзеи Ӯзбакистон дар қиболи нерӯгоҳи обии “Роғун” дар Тоҷикистон гуфт, Тошканд дигар бо ин тарҳ мухолифат намекунад.

Комилов таъкид кард, Ӯзбакистону Тоҷикистон бояд бар сари ин мавзӯъ ба тавофуқ барисанд ва Душанбе низ манофеи Тошкандро ҳангоми такмили сохти ин нерӯгоҳ таъмин намояд.

Ин дар ҳолест, ки Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии даргузаштаи Ӯзбакистон солҳои қабл ба шиддат бо сохти нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон мухолифат мекард ва ҳатто гуфта буд то замоне ки зинда аст, нахоҳад гузошт ин тарҳ ба баҳрабардорӣ бирасад.

Аммо бо даргузашти вай дар моҳи сентябри соли 2016 ва рӯйи кор омадани давлати Шавкат Мирзиёев дар Тошканд, мавзеи Ӯзбакистон дар мавриди нерӯгоҳи обии “Роғун” дар Тоҷикистон ба самти мусбат тағйир кард.

Давлати Тоҷикистон дар тобистони соли 2016 бо эъломи натоиҷи муноқиса (тендер)-и байналмилалии сохти нерӯгоҳи обии “Роғун”, такмили сохти ин нерӯгоҳро ба ширкати итолиёии “Salini Impregilo S.Р.A” вогузор кард.

Ин ширкат мутааҳҳид шуд, ки то поёни соли 2018 ду турбини нахусти нерӯгоҳи “Роғун”-ро ба баҳрабардорӣ бирасонад.

Сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар 110 километрии шарқи шаҳри Душанбе ва рӯйи рӯдхонаи Вахш дар авоили даҳаи 1970 –и мелодӣ барномарезӣ шуд. Аммо ба далели ҷанги дохилӣ ва мухолифатҳои Ӯзбакистон ҳанӯз такмил нашудааст.

Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол бузургтарин тарҳи барқӣ-обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд.