Июл 08, 2017 10:45 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси тоҷик: Толибон амнияти КАСА-1000-ро таҳдид намекунад

Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон бо ибрози хушбинӣ дар бораи дурнамои тарҳи интиқоли барқи КАСА-1000, бархе нигарониҳо дар бораи таъмини амнияти ин тарҳ дар қаламрави Афғонистонро то андозае бузургнамоӣ тавсиф кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Ҷамшед Муҳаммадҷонов гуфт, вуҷуди бархе нигарониҳо дар мавриди таъмини амнияти хати КАСА-1000 дар дохили қаламрави Афғонистон то андозае бузургнамоии ин хатар аст, зеро Толибон ба унвони гурӯҳи аслии мухолифи давлати Кобул баҳори имсол эълом карда буд, ки ҳеч мушкиле бо хати КАСА-1000 надорад ва ҳатто метавонад дар таъмини амнияти ин тарҳи энержии минтақаӣ мушорикат кунад.

Муҳаммадҷонов афзуд, давлати Покистон низ, ки қарор аст бо иҷрои ин тарҳ дар шаш моҳ аз сол 5 миллиард киловат соат барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон дарёфт кунад, ба хотири манофеи иқтисодии худ Толибонро таҳти фишор қарор хоҳад дод то ба ин тарҳ осебе назанад.

Вай ибрози умедворӣ кардааст, ки тарҳи КАСА-1000 дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад.

Дар нишасти чаҳорҷонибаи сарони кишварҳои узви КАСА-1000 дар Душанбе, раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон ва нахуствазирони Покистону Қирғизистон бар зарурати суръат бахшидан дар иҷрои ин тарҳи минтақаӣ таъкид карданд.

Ҳазинаи иҷрои ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад, беш аз як миллиард доллар баровард шудааст.

 

Барчасп