Июл 13, 2017 12:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳамаи тоҷикистониҳо метавонанд тилло истихроҷ кунанд

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар хостааст, барои ҳамаи афроде, ки тамоюл ва тавони фаъолияти мустақил дар бахши иктишофу истихроҷ ва тавлиди тилло доранд, заминаи қонунии корро фароҳам кунад.

Ба гузориши “Азия плюс”, Раҳмонбек Бахтдавлатов, муовини Саридораи геологияи тоҷик гуфтааст, Вазорати молия санадеро дар мавриди иктишоф, истихроҷ ва тавлиди тилло омода ва ба ҳукумати ин кишвар ироа карда, ки дар ҳоли баррасӣ аст.

Раҳмонбек Бахтдавлатов бо баёни ин ки пас аз тасвиби ин санад ҳар фарде метавонад аз назари қонунӣ ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло машғул шавад афзуд, агар чунин тасмиме гирифта шавад, шаҳрвандон метавонанд озодона дар конҳои тилло дар манотиқе, ки таҳти салоҳияти ширкатҳои дигар набошад, машғул ба кор шаванд ва барои чунин коре танҳо ниёз ба гирифтани иҷозатнома аз Вазорати молия доранд.

 Вай афзуд, шаҳрвандон метавонанд тиллои истихроҷшударо бо қимати таъйиншуда аз сӯйи Вазорати молия ба муассисоти молии давлатии Тоҷикистон бифурӯшанд.

 Тибқи охирин рутбабандии Шӯрои ҷаҳонии тилло - “World gold council” Тоҷикистон бо беш аз 14,5 тон захираи тилло дар бонк шастучаҳорумин кишвари дорандаи ин филизи гаронбаҳо дар ҷаҳон аст.

Захоири тилои Тоҷикистон 84.5 дарсад аз ҳаҷми умумии захоири тилло ва арзи ин кишварро ташкил медиҳад.

 

Барчасп