Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамкориҳои муфид бо Афғонистон дар аввлавияти стратегияи Тоҷикистон қарор дорад
(last modified 2017-07-15T11:32:30+00:00 )
Июл 15, 2017 16:32 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамкориҳои муфид бо Афғонистон дар аввлавияти стратегияи Тоҷикистон қарор дорад

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон ба муносибати 25-умин Солгарди равобити дипломатӣ миёни Душанбе ва Кобул паёмҳои табрикӣ ирсол карданд.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон, дар паёми Эмомалӣ Раҳмон омадааст, бо камоли шодӣ 25-умин Солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро самимона табрик мегӯям.

Ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои муфид миёни тарафайн, ки дар аввлавияти стратегияи минтақаии Тоҷикистон қарор доранд, дар оянда низ рушди матлубе хоҳад ёфт.

Ашраф Ғанӣ низ дар паёми худ, равобити дипломатии мустақил ва озоди Кобул ва Душанбе тайи 25 соли гузаштаро баёнгари иродаи сиёсии пойдор ва реша дар умқи таърих, фарҳанг ва тамаддуни муштарак донист, ки бо такя бар ин воқеият, метавон бо пайгирии манофеъи миллӣ, минтақаиро эҷод кард, ки раҳоварди он амният, субот ва тавсеаи пойдор дар минтақа аст.

Дар паёми Ғанӣ омадааст, 25-умин солгарди барқарории муносиботи дипломатӣ байни ду кишвар, рӯйдоди бузурге ба шумор меравад ва бидуни шак равобити наздики миёни ду кишвар дар фазои тафоҳуми мутақобил идома хоҳад дошт.