Июл 18, 2017 08:53 Asia/Dushanbe
  • Аҳдофи амрикоии размоиши муштараки чандмиллиятӣ дар Тоҷикистон

Низомиёни Амрико ва чаҳор кишвари Покистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Муғулистон ва ҳамчунин Қазоқистон ба унвони нозир, размоиши муштаракеро бо унвони амалиёти ҳамкории минтақаии 2017 аз рӯзи 10 июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон оғоз карданд.

Ба нақл аз Спутник, сафорати Амрико дар Душанбе эълом кардааст, ки дар ин размоиш, ки то рӯзи 23 июли соли ҷорӣ бо фармондеҳии Вазорати дифои Тоҷикистон идома хоҳад ёфт, беш аз 200 низомӣ аз ин панҷ кишвар ширкат мекунанд .

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, барои кишвараш ҳар навъ размоиши муштараки низомӣ аз нигоҳи озмоиши тавони размии нерӯҳои мусаллаҳи ин ҷумҳурӣ муфид аст .

Аммо Дмитрий Попов, корманди бахши Осиёи Марказӣ дар Пажуҳишгоҳи роҳбурдии Русия муътақид аст, ки ҳадафи ин размоиш баррасии тавони нерӯҳои ин 5 кишвар аст, то Амрико дар оянда битавонад таҳти шиорҳои мухталиф барои аҳдофи худ дар хориҷ аз қаламрави иёлоти муттаҳида аз ин воҳидҳои низомӣ истифода кунад .

Аз дидгоҳи Попов, мушорикат додани нерӯҳои низомии Покистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Муғулистон дар амалиёти низомии Амрико дар хориҷ, назири ончи, ки дар Афғонистону Ироқ шоҳид будем, заминаи коҳиши ҳазинаи молӣ ва талафоти низомиёни амрикоиро фароҳам хоҳад кард .