Гармои шадиду бесобиқа дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 19 Jul 2017 03:55:02 GMT )
Июл 19, 2017 08:55 Asia/Dushanbe
  • Гармои шадиду бесобиқа дар Тоҷикистон

Раиси Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон гуфт, гармои моҳи июл дар Тоҷикистон аз соли 2011 то кунун бесобиқа будааст.

Хабаргузории “Азия плюс” гузориш дод, Ҳомидҷон Расулзода дар нишасти хабарии масъулони Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон дар Душанбе гуфтааст, ки ҳарорати гармӣ дар рӯзи ҳаштуми июл ба 43, 7 дараҷа болои сифр расида, ки аз соли 2011 то кунун дар Тоҷикистон собиқа надоштааст.

Вай таъкид кардааст, ки то охири моҳи июл имкони афзоиши ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон то 45 дараҷа болои сифр вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи Расулзода дараҷаи болои бесобиқаи ҳаво дар тобистони имсол боиси ях шудани пиряхҳо дар кӯҳистонҳои Бадахшон, туғёни рӯдхонаҳо, боло омадани сатҳи оби рӯди Панҷ, обгирифтагии масирҳо ва баста шудани роҳи иртиботии Душанбе ба Хоруғ дар Бадахшон ва низ тахриби хонаҳои мардум дар ноҳияҳои Дарвоз шудааст.

Раиси Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон афзуд, дар солҳои қабл мизони оби ҷорӣ дар рӯди Панҷ ба 400 метри мукааб дар сония мерасид, ки акнун ин мизон ба 600 метри мукааб дар сония афзоиш ёфтааст.

Анвар Ҳомидов, масъули барномаи пешбинии вазъи обу ҳаво дар Тоҷикистон низ муътақид аст, дар 100 соли оянда ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон 8 дараҷа бештар аз солҳои охир хоҳад буд.