Июл 23, 2017 11:54 Asia/Dushanbe
  • Давлати Тоҷикистон хонаводаҳои мухолифонро таҳдид мекунад?

Яке аз раҳбарони оппозисияи Тоҷикистон иддао кард, мақомоти ин кишвар наздикони фаъолони оппозисияи хориҷ аз кишварро таҳдид мекунанд.

    Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории “Ройтрез”, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии фаъолияташ  дар Тоҷикистон мамнуъ эълом кард, хешовандони дастикам 10 фаъоли оппозисия, ки дар конфронси мухолифон дар Дортмунди Олмон дар нӯҳуми июл гирдиҳам омада буданд, таҳдид шудаанд.

   Кабирӣ гуфтааст, Душанбе аз афроди наздик ба фаъолони ҳуқуқи башар ба унвони гаравгон истифода мекунад дар ҳоле, ки бисёре аз ин фаъолон акнун дигар муборизотро ба далели хатароте, ки барои хешовандонашон ба вуҷуд омадааст, канор гузоштаанд.

  Дидабони ҳуқуқи башар низ эълом кард, пулис ва неруҳои амниятии Тоҷикистон бо бархе аз афроди наздик ба фаъолони ҳуқуқи башар, пеш аз баргузории конфронси Олмон дидор ва гуфтугӯ кардаанд.

   Бо ин ҳол, давлати Тоҷикистон эълом кардааст, ки ҳеҷ эътирозе бино бар эҷоди таҳдид дарёфт накардааст.

  Давлати Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзати исломиро дар соли 2015 ба иттиҳоми мушорикат дар кудатои нофарҷом мамнуъ кардааст ва бархе аз раҳбарони аҳзоб ва фаъолони оппозисия, ин кишварро тарк кардаанд.

   Бо вуҷуди иттиҳомоти давлати Тоҷикистон, ҳизби наҳзати исломӣ ҳар гуна дахолат дар талош барои барандозии давлатро рад кардааст.

 

 

Барчасп