Афзоиши тақозо - иллати гаронии билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон
Афзоиши мизони дархостҳо аз ҷониби муштариён яке аз иллатҳои аслии болоравии қимати билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон аст.
Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, яке аз сабабҳои болоравии қимати билети ҳавопаймо афзоиши талабот аз ҷониби муштариён ба шумор меравад. Муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 27-уми июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, каму беш будани талаботи мусофирон ба билети ҳавопаймоӣ ба нархи он низ таъсир мерасонад.
Ӯ дар идома тасреҳ кард, ширкатҳо қабл аз ҳама ба фикри суд ва манфиати худ ҳастанд ва дар самти хадамотии байналмилалӣ озодона қиматҳро мушаххас мекунанд. Одиназода гуфт: "Вақте талабот зиёд шуд, нархи билет боло меравад ва онҳо бештар фоида мегиранд. Агар мусофирон кам шуданд, нархи билетҳоро низ поин мебаранд ва ба таври минималӣ фоида мегиранд. Дар тамоми ҷаҳон ҳамин гуна аст, ки вақте барвақтар, маслан як моҳ пештар муроҷиат кунед, билет арзонтар аст, 10 рӯз пештар қиматтар мешавад ва агар ду-се рӯз пеш аз парвоз билет бихаред, албатта, боз гаронтар мефурӯшанд”.
Одиназода афзуд, тамоми ширкатҳо сиёсати тарифии худро дар ҷаҳон доранд ва ширкатҳои ватанӣ ҳам ҳамин тартибро риоя мекунанд. Як масъули ширкати ҳавонавардии “Сомон эйр” ҳам дар дар ин замина гуфт, нархномаи чипта ба самтҳо ва муҳлати харидорӣ вобаста аст: “Агар шаҳрвандон мехоҳанд чиптаи арзон дастрас намоянд, онҳоро лозим аст, пештар, яъне як моҳ қабл аз рӯзи парвоз муроҷиат намоянд.