Август 08, 2017 09:37 Asia/Dushanbe
  • 14 соли зиндон барои интиқоли 5 шиносномаи қалбакӣ ба Сурия

Додгоҳи Шаҳринав сокини ҷамоати Сабои ин ноҳия Ғ.А. Абдусатторовро, ки дар роҳи сафар ба Сурия бо 5 шиносномаи қалбакӣ дастгир шуда буд, ба 14 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ба иттилои Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ҳанӯз рӯзи 14 июн Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав, Абдусатторовро бар асоси моддаҳои 401.1 ва 401-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (зархаридӣ) ба 14 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ба гуфтаи Додситонии кулли Тоҷикистон, Абдусатторов дар соли 2013 дар Русия бо як шаҳрванди Қирғизистон бо тахаллуси Абӯнӯҳ шинос шуда, таҳти ташвиқи вай ғоя ва ҳадафҳои нопоки ташкилоти террористию эктремистии ДИИШ-ро дастгирӣ кардааст.

Гуфта мешавад, Абдусатторов моҳи декабри соли 2015 азми сафар ба Сурия бо мақсади ҷиҳод ва иштирок дар задухўрдҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангиро кардааст.

Ӯ қабл аз сафар "бо номи "Хайрулло”, ки шаҳрванди Қирғизистон мебошад, 5 адад шиносномаҳои қалбакӣ, ки ба номи шаҳрвандони дигар кишварҳо сохтакорӣ карда шуда буд ва 4200 долларро аз ӯ гирифта, бояд ба Сурия рафта ба аъзои фаъоли ин ташкилоти террористӣ мерасонд.

Абдусатторов Ғ.А.дар роҳи сафараш ба Сурия дар қаламрави Молдова бо ин 5 шиносномаи қалбакӣ ба даст афтода, ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Тибқи омор, инак беш аз 1100 нафар аз шаҳрвандони тоҷик ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳҳои тундрав ва асосан ба ДИИШ ҳамроҳ шудаанд.