Боздошти ду сарбози нерӯҳои марзбонӣ ба иттиҳоми қатли Рамазон Забиров
(last modified Sat, 13 Aug 2016 05:13:21 GMT )
Август 13, 2016 10:13 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду сарбози нерӯҳои марзбонӣ ба иттиҳоми қатли Рамазон Забиров

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо интишори баёнияе аз боздошти ду сарбози яке аз воҳидҳои низомии ин ниҳод ба иттиҳоми даст доштан дар ҳодисаи қатли Рамазон Забиров, сарбози 18-солаи ин воҳид хабар додааст.

Дар ин баёния, ки дар сойти Кумитаи марзбонии Тоҷикистон мунташир шудааст, таъкид шудааст, таҳқиқи ин ҳодиса таҳти назари шахси генерал Раҷабалӣ Раҳмонӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қарор дорад. Дар баёния ҳамчунин гуфта мешавад, барои таҳқиқи далоили марги Рамазон Забиров ҳайати муташаккил аз кормандони додситонӣ ва нерӯҳои марзбонии вилояти Суғд саргарми баррасии ин қазия ҳастанд. Бинобар ташхиси ин ҳайат, ду нафар аз сарбозони низомии воҳиди маҳалли хидмати мақтул дар ноҳияи Зафаробод боздошт шуда, тафтишот дар ин замина идома дорад. Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон қавл додааст, ки бо баррасии мунсифонаи ин қазия ба хонаводаи сарбози мақтул кӯмак хоҳад кард.

Раҳмон Забиров, ки сокини шаҳристони Ҳисор, воқеъ дар 30-километрии ғарби шаҳри Душанбе аст, чаҳор моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта, дар яке аз воҳидҳои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод машғули хидмат шуда буд.

Маргумири сарбозони тозаворид ба хидмати низомӣ дар артиши Тоҷикистон ба мушкили ҷиддӣ барои мақомоти аршади низомии ин кишвар табдил шудааст, ки дар аксари маворид ин иттифоқот бар асари латукӯб шудани ин афрод ба дасти ҳамхидматҳояшон рӯх медиҳад.

Ба далели вуҷуди нобасомониҳои зиёд, аз ҷумла авзои ногувори иқтисодию ахлоқӣ дар артиши Тоҷикистон ҳамасола садҳо ҷавони воҷиди шароити хидмати низомӣ аз ин кишвар фирор карда, барои кор ба Русия мераванд. Аз нигоҳи коршиносон, яке аз далоили умдаи фирори ҷавонон аз хидмати низомӣ дар Тоҷикистон ва рафтани онон ба Русия барои кор мавориди зиёди латукӯби сарбозони тозаворид аз сӯйи ҳамхидматонашон аст, ки дар солҳои ахир бо даҳҳо мавриди қатлу маълул шудани ин афрод ҳамроҳ будааст.