Август 13, 2017 12:57 Asia/Dushanbe
  • Ҷилди якуми китоби “Осори эроншиносӣ” дар Тоҷикистон мунташир шуд

Ҷилди якуми китоби “Осори эроншиносӣ” навиштаи Мирзо Муллоаҳмад дар 552 сафҳа ба хатти сирилӣ ба чоп расид.

Китоби “Осори эроншиносӣ” бо пешниҳод ва муқаддимаи доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ- сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, аз сӯи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ва Институти забон ва адабиёти Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир шудааст.

Ин асар шомили 46 унвон мақола аст, ки ба мавзуҳо ва масъалаҳои гуногуни эроншиносӣ ихтисос доранд.

Ин китоб ҷилди якум аз осори пажӯҳишгари номошнои тоҷик, профессор Мирзо Муллоаҳмад дар заминаи эроншиносӣ аст, ки умри хешро сарфи пажӯҳиш дар заминаи таърих, адабиёт ва фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ намуда ва то кунун беш аз 60 ҷилд китоб ва 550 мақола аз ӯ ба нашр расидааст.

Ривоҷи эроншиносӣ (iranology) - сарфи назар аз ҷомеъ будан ё набудани ин таъбир, ки бархе онро маҳдуд ва норасо медонанд ва ба ҷои он таъбири мутолиоти Эрон (iranian studies)-ро пешниҳод кардаанд, аз қарни 19 милодӣ мусталаҳ гардид.

Эроншиносӣ густараи миёнриштае аст, ки ба мафҳуми умумӣ, шомили мутолиоти забон, таърих, адён ва фарҳанги ақвоми эронитабор аст ва табъан, аз лиҳози ҷуғрофиёӣ ба марзу буми Эрони имрӯз маҳдуд намешавад, балки дар баргирандаи тамоми манотиқе аст, ки меросдори Эрони куҳани таърихӣ ҳастанд.