Маҳдуд шудани дастрасӣ ба интернет дар бархе манотиқи Тоҷикистон
Дастрасӣ ба интернет дар бархе манотиқи Тоҷикистон баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта (15 –уми август) қатъ шуда ё ба шиддат коҳиш ёфтааст.
Ба гузориши сайти “ТОП.тҷ”, як намояндаи ширкати “Интерком” бо ишора ба қатъи интернет дар шимоли Тоҷикистон гуфтааст, ки садамаи кабел дар ноҳияи Айнӣ боиси аз кор афтодани таҷҳизоти иртиботи интернетӣ ва қатъи интернет дар вилояти Суғд шудааст.
Гузоришҳо баёнгари он аст, ки дастрасии корбарони ширкатҳои “Интерком” ва “Телеком технолоҷи” ба интернет ба таври комил қатъ шудааст.
Корбарон таҳти пӯшиши ширкатҳои “Бабилон”, “Тселл” ва “Мегафон” низ аз коҳиши шадиди суръати интернет хабар додаанд.
Мақомоти Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон то замони интишори ин хабар дар бораи ин ҳодиса эъломи назар накардаанд.
Ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти интернет дар Тоҷикистон маъмулан аз хадамоти ширкатҳои чинӣ ва қирғизистонӣ истифода мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Нурлан Муҳаммадаминов, раиси ширкати “Қирғиз Телеком” гуфта буд, ду ширкати хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон мавсум ба “Телеком технолоҷи” ва “Сатурн онлайн” бобати истифода аз хадамоти ширкати “Қирғиз Телеком” як миллиону 349 ҳазор доллар қарздоранд.