Поёни размоиши низомии Тоҷикистон дар шимоли ин кишвар
(last modified Fri, 18 Aug 2017 14:02:32 GMT )
Август 18, 2017 19:02 Asia/Dushanbe
  • Поёни размоиши низомии Тоҷикистон дар шимоли ин кишвар

Размоиши нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки аз 14 августи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд оғоз шуда буд, поён ёфт.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ин размояш, ки аз 14 август шурӯъ шуда буд, рӯзи гузашта ба поён расид.  Дар маросими поёнии ин размоиш, ки дар размоишгоҳи "Чоруқдаррон"-и вилояти Суғд баргузор шуд, вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ширкат карданд.

Ин размоиш бо фармондеҳии Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ба дастури Эмомалӣ Раҳмон ва аз рӯй нақшаи муштараки маҷмӯи барномаҳои аслии нерӯҳои мусаллаҳ баргузор шуд. Ин размояш дар чаҳор марҳала дар размоишгоҳҳои "Чоруқдаррон" ва "Нурафшон" дар бахшҳои назариявӣ ва амалӣ сурат гирифт. Дар ин размоиш раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, масъулони тамоми ниҳодҳои қудратии вилоят ширкат намуда, омӯзишҳои лозимро дар ин замина фаро гирифтанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, дар ин размоиш анвои мухталифи аслиҳа, 10 ҳавопаймои ҷангӣ, беш аз 200 зиреҳпӯш, 70 тӯп ва беш аз 450 мошин истифода шудааст.